- ғоибона
- [غايبانه]1. нодида, шахсан вонахӯрда2. дар набудани касе, дар ғайби касе; муҳаббати ғоибона касеро нодида дӯст доштан; муҳаббати пинҳонӣ; саломи ғоибона саломе, ки ба шахси аз назар дур расонида мешавад3. аз кор ҷудо нашуда таҳсил кардан: ғоибона хондан; таҳсили ғоибона яке аз усулҳои тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, ки таълим аз кор ҷудо нашуда, асосан ба тариқи омӯзиши мустақилона сурат мегирад4. таълимгоҳе, ки дар он донишҷӯён аз кор ҷудо нашуда таҳсил мекунанд: шӯъбаи ғоибона
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.